Видео: Тоdчикистон
Подборка новых видео на тему Тоdчикистон на сегодня 19 April 2026 года
Убайдуллои Раҷаб: Вале БОБОИ ҒАФФОР... МУАЛЛИМИ РАҚС Порае аз филми "Дарди ишқ" ("Боль любви"), ки соли 1989 аз ҷониби "Тоҷикфилм" рӯйи навор омадааст, манзури бинанда мегардад. Филмсоз ё режиссёр Анвар Тӯраев ва дар нақшҳо бозигарони шинохтаи тоҷик - Тағоймурод Розиқов (раиси ланг), Дилбар Умарова, Мадина Маҳмудова, Нурулло Абдуллоев ва дигарон нақш бозидаанд. Филм дар асоси асари нависандаи маъруфи тоҷик Кароматулло Мирзоев (асари дигараш "Дар орзуи падар") таҳия гаштааст. Дар ин порчанавор раиси ланг бо котиби МПК телефонӣ гап мезанад. Ин дар ҳолест, ки на танҳо хатти телефон дар деҳаи Гулоб мавҷуд аст, балки хатти барқ ҳанӯз кашида нашудааст. Раиси ланг аз боварии мардум суиистифода карда, тавассути телефоне, ки кор намекунад, бо... Смотреть видео...
Хадамоти муҳоҷират: Шаҳрвандон бояд то 30 июни соли равон буду боши худро дар Федератсияи Россия ба расмият дароранд То 30 майи соли равон ба дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират ва зерсохторҳои он 17804 нафар шаҳрвандон бо дархост муроҷиат кардаанд, ки аз онҳо 17118 нафар шифоҳӣ, 40 нафар муроҷиати хаттӣ ва 646 нафари онҳо тавассути телефони боварӣ муроҷиат намудаанд. Ҳангоми санҷиши шаҳрвандон пеш аз сафар ба Федератсияи Россия, зиёда аз панҷ ҳазор нафар, ки дар рӯйхати мамнӯъшудагон дар маҳзани маълумоти Хадамоти муҳоҷират ворид гардида буданд, аз сафари бебарор баргардонида шуданд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират ба АМИТ “Ховар” хабар доданд. Тибқи иттилои манбаъ, асосан муроҷиаткунандагон оид ба масъалаҳои... Смотреть видео...
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз 2 то 3 июн дар Ҷумҳурии Исломии Покистон ҷараён дошт, бо натиҷаҳои неку бобарор барои рушду густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Покистон, ба анҷом расид. Ёдовар мешавем, ки зимни ин сафар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазир ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон ва дигар намояндагони воломақоми ин кишвар мулоқоту вохӯриҳои созанда анҷом доданд, ки аз руи натиҷаи онҳо 12 санади нави танзимкунандаи робитаҳо дар бахшҳои савдову саноат, нақлиёт, илму маориф, фарҳангу санъат ва ғайра ба имзо... Смотреть видео...
Вазорати дифои Тоҷикистон пешниҳоди Кумитаи забон ва истилоҳоти ҳукумати Тоҷикистонро дар бораи ба забони давлатӣ тарҷума кардани номи рутбаҳои низомии ба афсарону сердарҳои артиши миллӣ додашударо рад кард, хабар медиҳад Радиои Озодӣ. Дар посухи расмии вазорати дифоъ гуфта мешавад, ки "дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон чунин рутбаҳои низомӣ вуҷуд доранд ва ниёз ба тарҷумаи онҳо ба забони тоҷикӣ нест". Абдураҳим Зулфониён, як масъули Кумитаи забон ва истилоҳот, Вазорати дифоъ ин тарҷумаро "нодуруст" медонад. «Дар номаи расмии Вазорати дифоъ ҳамчунин гуфта мешавад, ки ин идора барои ислоҳи номи рутбаҳои ҳарбӣ маблағ надорад», - афзуд ӯ. Ду моҳ қабл Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Тоҷикистон ба Вазорати дифои Тоҷикистон номҳои... Смотреть видео...
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо парвариши сабзавот шинос шуданд 1 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд бо фаъолияти гармхонаи замонавии хоҷагии деҳқонии “Темурҷон” шинос шуда, аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дидан намуданд. Масоҳати умумии хоҷагӣ 1,5 гектар буда, дар як гектар барои парвариши сабзавот, хоса помидор, бодиринг ва қаламфур гармхона бунёд карда шудааст. Гармхонаро соҳибкори ватанӣ Илҳомҷон Иброҳимов ба хотири истиқболи сазовор аз ҷашни бузургу муқаддаси миллӣ, 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд намудааст. Ҳоло дар гармхона асосан бодиринги навъҳои... Смотреть видео...
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаевро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе гусел намуданд Рӯзҳои 19-20 май Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доштанд. Дар доираи сафар меҳмони олиқадр бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар шахсони воломақоми Тоҷикистон мулоқоту вохӯриҳои судманд анҷом доданд. Аз руи натиҷаи сафари бобарор 7 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид, ки омили муҳиму таконбахши таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии стратегии ду кишвар гардид. 20 май сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон дар Тоҷикистон ба анҷом расид. Нимаи дуюми имрӯз Асосгузори сулҳу... Смотреть видео...
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи таҳсилоти томактабии «Ориёна»-ро дар маркази ноҳияи Ёвон мавриди истифода қарор доданд 26 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ёвон Муассисаи таҳсилоти томактабии «Ориёна»-ро мавриди истифода қарор доданд. Муассисаи томактабии замонавӣ дар маркази ноҳияи Ёвон дар заминаи дастуру ҳидоятҳои ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ, роҳбари Гурӯҳи корхонаҳои “Ғаюр”- Акбар Асадулло дар давоми 1,5 сол бо тарҳи зебову замонавӣ сохта шудааст. Кӯдакистон аз ду бинои 2 ва 3 ошёна иборат буда, дар он раванди таълиму тарбия бо 3 забон — аз ҷумла тоҷикӣ, русӣ ва... Смотреть видео...
ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи аз вазифаи муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод намудани Нуралиев Ҷ.К. Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам: 1. Нуралиев Ҷамолиддин Камолович бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод карда шавад. 2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ш. Душанбе 10 июни соли 2022 №397 ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи аз вазифаи раиси ноҳияи Шаҳринав озод намудани Носирзода Ҷ. Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам: Носирзода Ҷаббор бо... Смотреть видео...
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1994-2003 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1994-2003 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа» фармон медиҳам: 1. Хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои апрел-майи соли 2021 аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои... Смотреть видео...
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (форсӣ: پرچم جمهوری تاجیکستان) — рамзи истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 пазируфта шудааст. Ҳамакнун вазъи ҳуқуқӣ, тартиби омодасозӣ, андоза ва корбурди расмии Парчамро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон № 254 аз 12 май 2007 «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар мекунад. Бар асоси Низомнома Дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ки 11 декабри соли 1999 бо Қарори № 892 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст: Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матоъи росткунҷаест, ки дар рӯи он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта кашида шудааст: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар мебошад; рахи... Смотреть видео...
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Станислав Зас мулоқот намуданд 1 июл дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Станислав Засро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот самтҳои афзалиятноки раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар соли 2021, вазифаҳои имрӯзаи Созмон ва баъзе масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ гардиданд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Тоҷикистон тибқи афзалиятҳои дар доираи Созмон эълоншуда, вазифаҳои раёсати худро пайваста иҷро карда истодааст. Таъкид гардид, ки то... Смотреть видео...